Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 29.09.2020 11:01
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ - 29.09.2020 10:53
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят як қатор озмунҳои вилоятӣ эълон менамояд - 29.09.2020 08:51
«Зан ва интихобот: «Ояндаро бо ҳам месозем» - баргузории мулоқоти судманд бо ҳузури бонувони фаъол - 29.09.2020 08:33
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 29.09.2020 08:28
Ифтитоҳи бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 дар ноҳияи Спитамен - 28.09.2020 14:22
Ташрифи намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 28.09.2020 12:22
Евгений Козяк – намояндаи комиссияи интихоботии ИДМ: Дар Суғд омодагӣ ба интихобот дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст - 28.09.2020 12:17
«Аҳамияти меъмории таърихию фарҳангӣ дар рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон» — таҳти ин унвон дар маркази вилоят конференсияи илмӣ доир шуд - 28.09.2020 12:04
Ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" муайян гардиданд - 28.09.2020 12:00

Дастгоҳи Раиси вилоят

Шӯъбаи умумӣ

( 11 Овоз )

Мудир: Инъом Усмонӣ

Шӯъба оид ба корҳои дин

( 16 Овоз )

Шӯъба оид ба корҳои дин

Роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят

( 29 Овоз )

Иттилоот барои робита: 735700 Хуҷанд, хиёбони Р.Набиев, 45

Тел: (3422) 4-65-00

Роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят ба масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ, таъминоти моддию техникӣ ва иттилоотию таҳлилии фаъолияти дастгоҳи Раиси вилоят роҳбарии умумиро ба роҳ мемонад. Роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят чунин вазифаҳоро бевосита анҷом медиҳад:

  • фаъолияти шӯъба ва дигар сохторҳои воҳидии дастгоҳи Раиси вилоятро ҳамоҳанг ва мутобиқ месозад;
  • ҳамкорӣ ва фаъолияти дастгоҳи Раиси вилоятро бо Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад;
  • назоратро оид ба омода намудани лоиҳаи қарор ва фармоишҳои Раиси вилоят, инчунин дигар масъалаҳое, ки аз ҷониби Раиси вилоят баррасӣ мешаванд, ба роҳ мемонад;
  • нақшаи фаъолияти шӯъба ва дигар сохторҳои воҳидҳои дастгоҳи Раиси вилоятро таҳлил намуда, нақшаи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро таҳия ва барои тасдиқ ба Раиси вилоят пешниҳод менамояд;
  • фаъолияти шӯъбаҳо ва дигар сохторҳои воҳидии дастгоҳи Раиси вилоятро бо Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва раисони комиссияҳои доимии он таъмин намуда, ҳамкории мутақобилаи онҳоро бо дигар сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ба роҳ мемонад ва доир ба инъикоси фаъолияти онҳо тадбирҳо меандешад;
  • фаъолияти соҳаҳои мухталифи сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ҳамоҳанг месозад;
  • сиёсати кадриро дар корхона, муассиса ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият ва фаъолияти хоҷагидориашон дар қаламрави вилоят, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъмин менамояд;
  • оид ба иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» тадбирҳо андешида, назорати доимии иҷроиши онро дар мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ба роҳ мемонад;
  • низоми воҳиди коргузориро таҳия ва санадҳои меъёрии ҷузъиро барои баррасӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба роҳ мемонад;
  • бо супориши Раиси вилоят кормандони дастгоҳи Раиси вилоятро (бидуни мудирони шӯъба, бахшҳо) бо мувофиқаи пешакии Раиси вилоят барои ба вазифа таъин ва озод намуданашон ва доир ба дигар масъалаҳои танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатии кормандон фармоиш интишор менамояд;
  • ба фаъолияти молиявӣ-хоҷагии дастгоҳи Раиси вилоят бевосита роҳбарӣ менамояд ва дигар вазифаҳоро, ки аз рӯи санад ва супоришҳои Раиси вилоят ба зиммааш гузошта шудаанд, иҷро мекунад.

Шуъбаи кадрҳо

( 22 Овоз )

Мудир: Ғолибҷон Шарифзода

Иттилоот барои робита: 735700 ш.Хуҷанд, кӯчаи Р.Набиев 45, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ошёнаи 1, утоқи 118.

Тел:(+ 99283422) 4-65-09

Вазифаҳои асосии шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилоят чунинанд:

  • татбиқи сиёсати кадрии Раиси вилоят дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои зертобеи онҳо;
  • -бо мақсади такомули самарабахшии фаъолият омода намудани пешниҳодот доир ба ташаккул додани сиёсати кадрии Раиси вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят;
  • омода намудани пешниҳодот доир ба такмили заминаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хизмати давлатӣ ва таъмини татбиқ ва риояи он дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
  • якҷоя бо сохторҳои дахлдор омода намудани пешниҳодот доир ба такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дастгоҳи Раиси вилоят;
  • тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ ба иҷро расонидани корҳои кадрӣ, аз ҷумла ташаккул додани ҳайати кадрии дастгоҳи Раиси вилоят, таъминоти ташкилӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ барои дохилшавӣ ба хизмати шаҳрвандии давлатӣ, адо ва қатъ гардидани он, инчунин танзими муносибатҳои меҳнатӣ;
  • таъмини ташкиливу техникии фаъолияти комиссияҳо ва созмонҳои давлатӣ оид ба масъалаҳои сиёсати кадрӣ ва хизмати давлатӣ, ки тибқи  қонунҳо ва қарори Раиси вилоят дар дастгоҳи Раиси вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъсис меёбанд;
  • ташкили омодагии кадрӣ барои адои хизмати давлатӣ, омӯзиши касбии иловагии хизматчиёни шаҳрвандии давлатии вилоят, инчунин ташаккул, ҷобаҷогузорӣ ва иҷрои супоришҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таълими касбии иловагии хизматчиёни давлатӣ;
  • ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои давлатии вилоят дар мавридҳои ҳалли масъалаҳои қабул, адо ва қатъгардии хизмати давлатӣ, инчунин дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи қонун амалӣ намудани назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ дар мақомотҳои давлатии вилоят.

Шӯъбаи иттилоот ва таҳлил

( 2 Овоз )

Мудир: Юнусов Музаффар Шарифҷонович

Иттилоот барои робита: 735700 Хуҷанд, хиёбони Р.Набиев, 45/432.

Тел. (3422) 4-65-15, 4-02-34.

Ваколатҳои шўъбаи иттилоотию таҳлилӣ:

  • Дар танзим ва тадбиқи  сиёсати иттилоотии Раиси вилоят ва  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  иштирок мекунад.
  • Дар ташаккули афкори ҷомеа ширкат меварзад.
  • Дар пешбурди лоиҳаҳои умумивилоятии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иштирок менамояд.
  • Таҳлили амал ва муносибати элитаи сиёсӣ ва идории вилоятро ба роҳ мемонад.
  • Ҳангоми пеш омадани шароити фавқулодда дар таъмини ҳамоиш ва муттаҳидии аҳолӣ ширкат меварзад.
  • Омӯзиш ва таҳлили маркетинги сиёсӣ (мавқеъгирии сиёсӣ)-ро ба роҳ мемонад.
  • Дар таҳия ва тадбиқи барномаи мушаххас оид ба таҳкими обрӯ ва нуфузи (имидҷи) воқеии Раиси вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иштирок менамояд.
ШУМО ДАР: Дастгоҳи Раиси вилоят