Назирӣ Зариф Вализода

( 37 Овоз )

Муовини Раиси вилояти Суғд

Назирӣ Зариф Вализода 11 июли соли 1973 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1992 дар омӯзишгоҳи касбӣ техникии №75-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси техник-бинокор оғоз намудааст. Пасон дар солҳои гуногун дар вазифаҳои мушовири Ҷамъияти саҳҳомии “МОГАЛ-ЛТД”, мутахассиси пешбари бонки тиҷоратии “Хуҷанд”, корманди Нозироти андози вилояти Суғд, мушовири Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи “Поиск”, мутахассиси пешбари идораи тиҷорат ва алоқаи Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори идораи хоҷагии оби шаҳри Конибодом, сардори идораи давлатии хоҷагии оби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд кор кардааст.​

Аз соли 2016 то 11 ноябри соли 2020 раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд.

11 ноябри соли 2020 муовини Раиси вилояти Суғд таъин гардид.

ШУМО ДАР: АСОСӢ