САРАЗМ – МУАРРИФГАРИ ТАМАДДУНИ БОСТОНӢ

( 0 Овоз )

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори ташкилоти бонуфузи байналхалқӣ ЮНЕСКО соли ҷорӣ 5500 - солагии шаҳри Саразми бостонӣ ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили ин ҷашн ифодагари арҷгузорӣ ба таъриху маданияти гузаштагон аст.

Ифтихор аз таърихи гузаштаи халқи худ яке аз муҳимтарин рукни болоравии қадру манзалати миллӣ буда, он тавассути тафаккури таърихӣ ташаккул меёбад.

Чӣ тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ «Фарҳанг ҳастии миллат аст» қайд мекунанд: «Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад». Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат як рукни бисёр муҳими Истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад.

Ёдгориҳои моддӣ ва ғайримоддии сарзамини тоҷикон муаррифгари тамаддуни бостонӣ ва васлкунандаи моддиёт ва маънавиёти гузаштаву имрӯз ба шумор мераванд.

Дар қаламрави Тоҷикистон дар натиҷаи анҷом додани ҳафриёти бостоншиносӣ даҳҳо ёдгориҳои фарҳанги моддӣ кашф шудаанд. Ҳамаи онҳо дар натиҷаи омӯзиши дақиқ, ҳифзу тарғиб ва истифодабарии мероси ниёгон баҳри рушди илм ва насли ояндаи кишвар хидмат мекунанд. Ба таври умум ҳифзу тарғиби мероси таърихиву фарҳангӣ ва археологӣ барои тақвияти худшиносии милливу фарҳангӣ, тарбияи ватанпарастӣ мусоидат мекунанд.

Сарвари давлатамон борҳо таъкид намудаанд, ки таҳқиқи ҷиддии мероси гаронбаҳои гузаштаи тоҷикон, ёдгориҳои фарҳангӣ ва тарғиби суннатҳои мардумӣ вазифаи муҳимтарини намояндагони илму маориф, аҳли эҷод ва ҳамаи зиёиёни кишвар мебошад.

Инчунин, Сарвари давлатамон мероси гаронбаҳои таърихиро ҳифз кардан, барои эҳё ва барқарор сохтани онҳо саъю кӯшиш намудан ва онҳоро ҳамчун сабақи таърих ба наслҳои оянда мерос гузоштанро вазифаи аввалиндараҷа шумориданд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муҳим тайи ду даҳсолаи охир як қатор иншооти таърихиву фарҳангӣ ва ёдгориҳои меъморӣ таъмиру тармим гардида, ба макони сайру саёҳати сокинони кишвар ва сайёҳони хориҷӣ табдил дода шуданд.

Бояд таъкид намуд, ки дар ибтидои соли 2000-ум Сарвари давлатамон аз ёдгории Саразм дидан намуда, супориш дода буданд, ки корҳои муваққатан пӯшонидан ва обод кардани шаҳраки Саразм роҳандозӣ гарданд ва омӯзишу таҳқиқоти бостоншиносӣ дар ин мавзеъ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.

Дар баробари ин, бо дастури Ҳукумат маводи зарурӣ ҷиҳати пешниҳод кардани Саразм ба рӯйхати мероси таърихии халқи тоҷик ба ЮНЕСКО омода ва ирсол гардида, Саразм ҳамчун намунаи шаҳри қадим аз тарафи ин созмони ҷаҳонӣ эътироф ва моҳи июни соли 2010 ба феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ ворид карда шуд.

Вобаста ба ин дар ҷумҳуриамон корҳо дар самти ба феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид намудани дигар ёдгориҳои таърихии кишвар идома ёфта истодааст.

Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 19 марти соли 2018 ҳангоми мулоқот бо зиёиён эълон намуданд, ки бо дарназардошти аҳамияти шаҳри қадима будан соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.

Чанд сол қабл аз ин дар мавриди мамнӯъгоҳи таърихӣ эълон кардани ёдгории Саразм ва болопӯш (консерватсия) намудани муҳимтарин маҳалҳои ҳафриёти ин ёдгорӣ тадбирҳо андешида шуданд. Чунончӣ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №391 аз 21 сентябри соли 2000 ҳамчун маркази ташаккулёбии фарҳанги кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнӯъгоҳи таърихӣ-бостоншиносӣ эълон гардид. Баъдан бо дастгирӣ ва супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои 2004-2008 5 иншооти ёдгорӣ бо маблағи 1,3 миллион сомонӣ болопӯш ва атрофи он бо панҷарадевор иҳота карда шуд ва ҳангоми ташрифи худ ба Саразми бостонӣ солҳои 2003 ва 2005 ба ин шаҳри қадима чунин баҳо доданд: «Саразм-хазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик мебошад».

Аз нуқтаи назари таърихи умумиҷаҳонӣ ва маҳаллӣ ёдгориҳои археологӣ аҳамияти муҳим доранд. Маҳз, ҳафриётҳои археологӣ дар бораи дараҷаи баланди фарҳанги ниёгонамон дар аҳди бостон маълумот додаанд. Яке аз ёдгориҳои таърихии диёрамон Саразм ба шумор меравад. Он дар сарҳади паҳно ва кӯҳсори водии Зарафшон, 15 километр ғарби Панҷакент ва 45 километр шарқи Самарқанд ҷойгир мебошад.

Бояд гуфт, ки тадқиқоти нахустини бостоншиносӣ дар мавзеи Саразм тирамоҳи соли 1976 бо роҳбарии Абдуллоҷон Исҳоқов оғоз гардид. Ӯро нахуст бозёфти сокини деҳаи Авазалии деҳоти Саразм-Ашӯралӣ Тайлонов - табар - тешаи биринҷӣ водор менамояд, ки фаъолияти бостоншиносиро дар ёдгории Саразм оғоз намояд. Соли 1977 натиҷаҳои аввалини бадастомада таваҷҷуҳи олимони шинохтаи шӯравӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб намуд. Вале омӯзиши мунтазам ва натиҷаовари ёдгорӣ ба солҳои 2000 - 2020 рост меояд. Маҳз, дар ҳамин давра фаъолияти экспедитсияи муштараки бостоншиносии тоҷику фаронсавӣ аз нав хусусияти мунтазам касб намуд.

Нахустмуҳаққиқи ёдгории Саразм бостоншиноси тоҷик А. Исҳоқов масоҳати онро аз 90 то 130 гектар ва шумораи аҳолиашро то 8000 муайян намудааст. Имрӯз 37,34 гектари он боқӣ мондааст, ки аз он 17 гектараш ҳамчун мамнуъгоҳ ба харитаи ЮНЕСКО ворид гардид.

Бояд гуфт, ки Саразм ягона ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ дар Варорӯд буда, ба миёнаи ҳазораи IV ва ибтидои ҳазораи III то мелод мансуб аст, ки сарчашмаи ифтихори миллату давлат ва ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Бошандагони Саразм тамаддуни ба худ хосро ба вуҷуд оварданд. Зарурати рушди низоми обёрӣ, ба роҳ мондани кишоварзӣ омили муҳими ба вуҷуд омадани ин тамаддун гаштанд. Ҳамчунин, меъмории монументалӣ ва ташаккули нахустшаҳр асоси тамаддуни Саразмро ташкил доданд.

Тадқиқоти бостоншиносон собит намудааст, ки дар замони энеолит ва асри биринҷӣ аз лиҳози таърихӣ ва ҷуғрофӣ Осиёи Марказӣ ба маркази ташаккулёбии тамаддун мубаддал гаштааст. Академик Нуъмон Неъматов чунин ҳисобидааст, ки дар ҳазорсолаи IV – III –уми п.м. дар Осиёи Миёна кишоварзӣ ва обёрӣ (ирригатсия) ташаккул ёфт, тарзи зисти муқимии аҳолӣ ва меҳнат, ташаккули воҳаҳои кишоварзӣ, бошишгоҳҳои нахустшаҳрӣ, марказҳои иҷтимоиву маънавӣ ва маъмурӣ ба вуҷуд омаданд.

Биноҳои монументалӣ, кӯчаҳои сангфаршшуда, кишоварзӣ, чорводорӣ, кулолӣ, маъданҷӯиву маъдангудозӣ, зардӯзию заргарӣ, бофандагӣ, чармгарӣ, коркарди чӯб, сангтарошӣ, ки дар Саразм ба мушоҳида мерасанд, аз рукнҳои хоси маданияти шаҳрдорӣ ва шаҳрсозии ниёгонамон мебошанд.

Бозёфтҳои Саразм дар он чор давраи пайдарпайи хронологӣ бо усули радиокарбонӣ санагузорӣ шудааст:

-давраи якум ба солҳои 3400-3200 қабл аз милод;

-давраи дуюм ба солҳои 3200-2900 қабл аз милод;

-давраи сеюм ба солҳои 2700-2300 қабл аз милод;

-давраи чорум ба солҳои 2300-2000 қабл аз милод тааллуқ дорад.

Ҳафриёти бостоншиносон дар бораи ташаккули маҳаллаҳои истиқоматӣ бо якчанд бино ва кӯчаҳо, ибодатгоҳи оилавӣ ва оташдони гирда - меҳроб, ду бинои маъбад бо деворҳои ранги сурх додашуда ва меҳроб дар марказ, ба давраи сеюм иморатҳои бошукӯҳи ҷамъиятӣ –қаср, ибодатгоҳ ва ханбаи марказӣ маълумот медиҳанд.

Аҳолии Саразм асосан ба деҳқонӣ, чорводорӣ, моҳигирӣ, шикор, косибӣ ва маъдангудозӣ (мис, тилло, қалъагӣ) машғул буданд. Онҳо мис ва қалъагиро даромехта, табар, корд, ханҷари дудама, пайкон, чангаки моҳигирӣ, дарафш, сӯзан месохтанд.

Бозёфтҳои Саразм муаррифгари намунаҳои беҳтарини кулолии қадимаи тоҷикон маҳсуб меёбад. Аз Саразми қадим хумдони дуқабата ва чархи кулолӣ ёфт шудааст, ки ин аз санъати баланди кулолӣ шаҳодат медиҳад. Саразмиён зарфҳоро ҳам дастӣ ва ҳам дар чарх сохта, бо истифода аз ангоб дар онҳо нақшҳои гуногунро мекашиданд. Дар зарфҳои Саразм нақшҳои ҳандасии шикаста, панҷара ва мавҷӣ, инчунин, хатҳои амудӣ ва уфуқӣ мавҷуданд. Баробари офаридани зарфҳо саразмиён дар рӯи онҳо нақшҳои гуногун, ба монанди хӯшаи гандум, наботот, ҳандасавиро сабт кардаанд, ки ин бо рангҳои табиӣ, яъне аз рустаниву минералҳо ҳосил карда мешуданд.

Сокинони Саразм бо кишварҳои соҳили халиҷи Форс, бо Араб, Ҳинд ва Бадахшон робитаи тиҷоратӣ доштанд. Бостоншиносон аз Саразм лоҷуварди Бадахшон, ақиқи Қайроққум, фирӯзаи Хоразму Фарғона, зарфҳои мунаққаши хоси Балуҷистону Сиистони Афғонистонро дарёфт намудаанд.

Ҳангоми ҳафриёт қабристони давраи аввали Саразм ва расму русуми дафнкунии он замон бо девори сангии гирдаи қутраш 15 метр, ҷасадҳои мурдагон бо ҷиҳози онҳо ошкор гардиданд. Хусусан, амволи зани дафншуда: либоси бо шаддаи фирӯза, лоҷувард, ақиқ, яшм, оҳаксанг гулдӯзигардида, кулоҳи бо шаддаҳо оро додашуда ва кокулони бо ҳамели 49 шаддаҳои тиллоӣ бофташуда ҷолиб аст. Ҷасади ин зан аз ҷониби олимон «Маликаи Саразм» ном гирифтааст. Дар ҳар дасти зани дафншуда яктогӣ бозубанди бузурги аз зиреҳи садафи баҳрӣ сохташуда мавҷуд буд. Дар таркиби анҷоми ин зани ашроф ойинаи биринҷии дастакдор, дирафши устухонӣ, панҷ адад cӯзанак бо зиннати сангӣ, ду ҳайкалчаи занона мавҷуд буд, ки дар илми бостоншиносии тоҷик бесобиқа аст. Дар назди ҷасад ёфт гардидани қадаҳи мармарин, оина ва дигар ашёи зиннатдиҳанда аз он дарак медиҳад, ин зан дар давраи модаршоҳӣ зиндагӣ намуда, Малика мебошад ва ба хонаводаи ашрофзодагон тааллуқ дорад, яъне дар ҷомеа нуфузи баланд дошт.

Аз ҳафриёти Саразм бисёр маълумоти пурарзиш дар бораи тарзи зиндагӣ ва оинҳои мазҳабии бошандагони он ба даст омадаанд. Мардуми Саразми бостонӣ ба оташ, ки тимсоли Офтоб аст ва об - манбаи ҳаёт ибодат мекарданд. Аз ҳамин ҷост, ки ибодатгоҳҳои хоси оинҳои мазҳабии хешро сохтаанд. Дар Саразм якчанд ибодатгоҳ низ пайдо шуданд, ки аз ойину мазҳаби сокинони он шаҳодат медиҳанд. - Дар маркази фарши толори ибодатхонаҳо оташдонҳои чоркунҷа ва доирашакл, ки дар марказашон чуқурии на чандон амиқ барои барафрӯхтани оташ мавҷуд аст, ёфт шуданд. Яъне ҳанӯз аз охири ҳазораи чоруми қабл аз милод дар биноҳои маъмурии саразмиён нишонаҳои парастиш ва бузургдошти оташро мебинем, ки баъдан яке аз рукнҳои асосии ойинҳои меҳрпарастӣ ва зардуштӣ гашт. Умуман, дар Саразм анъанаҳои хоҷагидорӣ, бадеӣ ва мафкуравӣ ташаккул ёфтанд.

Ёдгории Саразмро на фақат олимони ватаниву шӯравӣ, инчунин бостоншиносону антропологҳои хориҷӣ тадқиқ намудаанд. Умуман, таваҷҷуҳи бостоншиносони хориҷӣ аз давлатҳои Фаронса, Россия, Чин, Олмон, Амрико аҳамияти баланди ёдгории Саразмро нишон медиҳад.

Имрӯзҳо ба муносибати таҷлили 5500-солагии Саразм корҳои ободонӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар маҷмӯъ, бунёди 30 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Сохтмони дарвоза, осорхонаи сеошёна, меҳмонхона, асфалтпӯш ва бо панҷараҳо иҳота намудани мамнӯъгоҳи Саразм ва дигар иншоотҳо бо сурати баланд идома ёфта истодаанд, ки ибтидои соли гузашта оғоз ёфтаанд.

Дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил шудани ин ҷашн мояи худшиносӣ ва меҳанпарастӣ хоҳад гашт. Зеро дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҷлили 5500-солагии шаҳри қадимаи Саразм, ҳифз кардану обод намудани ин ёдгории таърихиро вазифаи муҳими сокинони мамлакат дар назди таърих ва наслҳои оянда арзёбӣ намуданд.

Ҷӯрабек ИСОМИТДИНОВ,

мудири кафедраи Таърихи ватан ва

археологияи МДТ Донишгоҳи давлатии

Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

ШУМО ДАР: АСОСӢ