Занон ва оила

Азназаргузаронӣ: 5380

Дар вилоят ҷиҳати баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар ҷомеа, татбиқи барномаҳои давлатӣ чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Бо мақсади бештар ҷалб намудани занон ба ҳаёти  ҷамъиятӣ, ба омўзиши касбу ҳунар ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон корҳои муайян ба иҷро расиданд.

 Имрӯз занон дар ҳамаи соҳаҳо фаъол буда, дар таҳкими раванди рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят саҳмгузоранд. Аз 1370,4 ҳазор нафар занону духтарони вилоят 19298 нафарашон занони роҳбарикунанда ва 1167 нафарашон хизматчии давлатӣ мебошанд.

 Алҳол, аз ҳисоби занони вилоят 3 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 186 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 650 нафар вакилони халқи ҷамоатҳо интихоб гардидаанд.

Дар вилоят 52 нафар гирандагони стипендияи президентӣ ва 61 нафар гирандагони стипендияи раиси вилоят аз ҳисоби занону духтарони болаёқату фаъол мебошанд.

 Боиси хушнудист, ки ҷавондухтарони деҳоти дурдаст, бахусус аз оилаҳои камбизоат таҳти ғамхориву сарпарастии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуда, ҳамасола барои таҳсили онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ квота ҷудо карда мешавад. Айни ҳол, аз шумораи умумии зиёда аз 40,0 ҳазор нафар духтароне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят таҳсил доранд, 488 нафар донишҷӯдухтарон тибқи квота таҳсилро идома дода истодаанд.