Занон ва оила

Ҷиҳати баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар ҷомеа, татбиқи барномаҳои давлатӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Занон дар ҳамаи соҳаҳо фаъол буда, дар таҳкими раванди рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят саҳмгузоранд. Аз шумораи 1 млн. 465 ҳазор нафар занону духтарони вилоят 22 ҳазору 889 нафарашон занони роҳбарикунанда ва1267 нафарашон хизматчии давлатӣ мебошанд.

 Алҳол, аз ҳисоби занони вилоят 3 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 178 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 694 нафар вакилони халқи ҷамоат интихоб гардидаанд.

Дар вилоят 581 нафар гирандагони стипендияи президентӣ ва 71 нафар гирандагони стипендияи раиси вилоят аз ҳисоби занону духтарони болаёқату фаъол мебошанд.