Тандурустӣ

Дар вилоят 944 муассисаи нигаҳдории тандурустии давлатӣ ва 288 муассисаи тиббии хусусӣ бо фаъолияти тиббӣ машғул ҳастанд. Миқдори катҳо дар муассисаҳои сохтори госпиталӣ 15 ҳазору 651 адад, аз ҷумла дар муассисаҳои тиббии давлатӣ 13 ҳазору 978 адад ва дар муассисаҳои тиббии хусусӣ 1673 ададро ташкил медиҳад.    

Ба аҳолии вилоят 5355 табиб ва 18 ҳазору 475 корманди миёнаи тиб хизмат расонида истодаанд. Сатҳи таъминнокӣ ба 10,0 ҳазор нафар аҳолӣ бо табибон 17,6 ва бо кормандони миёнаи тиб 60,3 ба ҳисоб гирифта шудааст.