Дар доираи татбиқи “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” ҷиҳати таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ дар вилоят дар ин давра корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 45 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ – Шӯрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон фаъолият дошта, 225 хатсайри сайёҳӣ бо фарогирии тамоми мавзеъҳои сайёҳӣ ташкил карда шудааст.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 97 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, 24 осорхона ва 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ фаъолият мебаранд.