Саноат ва энергетика

Азназаргузаронӣ: 2241

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку ивазкунандаи воридот, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши  иқтидори  содиротии вилоят ва дар ин замина таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодааст.

Таҳлилҳо собит менамояд, ки аксарияти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мусбат арзёбӣ гардида, рушди устувори иқтисодию иҷтимоии вилоят таъмин шудааст.

Ба таъсири омилҳои манфии берунӣ нигоҳ накарда, давоми 9 моҳи соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 14 млрд 459,5 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ  3846,1 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 131,1 фоизро ташкил медиҳад.

Баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар оид ба таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку ивазкунандаи воридот, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши  иқтидори  содиротии вилоят ва дар ин замина таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида истодааст.

Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардид. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2021 ба миқдори 1055,7 ҳазор тонна семент ва 1302,3 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш мутаносибан 111,3 ва 96,7 фоизро ташкил намудааст. Ҳамзамон, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 суръати афзоиши истеҳсоли ресмони пахтагин 137,7 фоиз ва газвори пахтагини тайёр 102,0 фоиз таъмин гардида, дар маҷмўъ, бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 3606,4 тонна калоба ва 5223,6 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин истеҳсол карда шудаанд. Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот сол аз сол тавсеа ёфта, дар 9 моҳи соли 2021 ба миқдори 371,1 ҳазор тонна орд ва 2803,4 тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маводи асосии сохтмонӣ аз қабили қубурҳои пластикӣ ба миқдори 989,1 ҳазор метр ё бо суръати афзоиши 119,7 фоиз, рехтаи пӯлодӣ 4222,1 тонна ё 116,5 фоиз, маҳсулоти кабелӣ 587,0 тонна ё 166,2 фоиз, профилҳои алюминӣ барои дару тирезаҳо 4296,2 тонна ё 166,2 фоиз, профилҳои металлӣ 18441,0 тонна, профилҳои пластикӣ 1103,4 тонна ё 120,2 фоиз, халтаҳои полипропиленӣ барои бандубасти маҳсулоти корхонаҳо 36,9 млн. дона ё 101,9 фоиз, халтаҳои полиэтиленӣ 620,2 тонна ё 120,1 фоиз, маҳсулоти пластмассагӣ 56,2 млн. дона ё 8,7 баробар, бомпӯши оҳанин 85,4 ҳазор метри тӯлонӣ ё 154,3 фоиз ва шишаи сохтмонӣ 10,0 ҳазор метри мураббаъ таъмин карда шудааст.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят дар соли 2021 ба истифода додани 120 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 3027 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми 9 моҳи соли 2021 дар миқёси вилоят 95 корхонаву коргоҳҳои нав бо 794 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.

Ба ҳолати 1-уми октябри соли 2021 тибқи омори расмӣ шумораи корхонаҳои саноатии вилоят ба 687 адад расидааст. Корхонаҳои навтаъсис асосан корхонаҳои соҳаи саноати истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хўрокворӣ ва сабукро дарбар гирифта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда  мусоидат намуданд.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ва соҳибкорону ҷомеаҳои меҳнатӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои дўзандагии либоси миллию  мактабӣ ва пойафзолдӯзӣ тадбирҳои судманд андешида шуда истодаанд. Дар соли 2021 корбарӣ дар самти бунёди корхонаву коргоҳҳои дўзандагӣ ва истеҳсоли пойафзол идома дода шуда, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 10 коргоҳи нави дўзандагӣ бо 110 ҷойи нави корӣ ва 2 коргоҳи истеҳсоли пойафзол бо 20 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Тибқи маълумоти оморӣ давоми 9 моҳи соли равон дар корхонаву коргоҳҳои дўзандагии вилоят ба маблағи умумии 194,8 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш 120,2 фоизро ташкил намудааст.

Барои дар соли таҳсили 2021-2022 бо сару либоси мактабӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят дўхтани либоси мактабӣ тақвият дода шуда, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 864169 дона либоси мактабӣ дўхта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 3,1 баробар зиёд мебошад.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2021 дар вилоят 3445,8 млн. кВт/соат қувваи барқ ба маблағи 867,3 млн. сомонӣ истифода шуда, пардохти маблағи он 816,8 млн. сомонӣ таъмин гардидааст, ки 94,2 фоизро ташкил медиҳад.

Бо амалигардонии “Лоиҳаи кам кардани талафоти нерўи барқ” ҷамъоварии маблағи қувваи барқи истифодашуда дар шаҳри Хуҷанд тавассути системаи биллингӣ пурра ба роҳ монда шудааст.

Таҳлили натиҷаҳои корҳои баанҷомрасида аз он шаҳодат медиҳад, ки талафоти нерўи барқ дар шаҳри Хуҷанд кам шуда, лоиҳаи мазкур ба ҳадафҳои худ расида истодааст.