Нақлиёт ва коммуникатсия

Давоми моҳҳои январ-марти соли 2023 тавассути маҷмўи нақлиёт 8,1 млн. тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ ва 67,2 млн. нафар мусофирон кашонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мутаносибан 116,4 ва 107,8 фоизро  ташкил намудааст.

Дар соли 2023 таъмиру тармими 2002,0 км роҳҳо ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 228,0 км таъмири асосӣ, 975,0 км таъмири ҷорӣ ва 799,0 км шағалпўш мебошад.   

Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 238,6 км роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 24,8 км таъмири асосӣ, 144,8 км таъмири ҷорӣ ва 69,0 км шағалпӯш буда, дар маҷмӯъ, 10344,0 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.