Ҷавонон ва варзиш

Дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”, “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026” ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба рушди соҳаи ҷавонон таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мегардад.     

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 2977 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 49 варзишгоҳ, 2056 майдончаи варзишӣ,    652 толори варзишӣ, 45 ҳавзи шиноварӣ,  175 маҷмаа ва иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият доранд.      

Ҳамзамон, дар  се моҳи соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар маҷмӯъ, 14 иншооти варзишӣ, аз ин 1 толори варзишӣ, 7 майдончаи варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ ва 4 иншооти махсуси варзишӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 2,4 млн. сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар вилоят фаъолияти 43 мактаби варзишӣ, аз ҷумла 1 мактаби маҳорати олии варзишии вилоят, 1 мактаби варзишии вилоят, 10 мактаби махсуси варзишӣ, 1 мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ, 29 мактаби варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва 1 мактаби варзишӣ дар тобеияти кумитаҳои иттифоқҳои касабаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии “Ҳосилот” ба роҳ монда шудааст.