Соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ин соҳа ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии давлату ҳукумат қарор дорад.
Дар соли таҳсили 2022-2023 мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 279 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 205 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, 12 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 61 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият намуда, 44713 кўдакро ба тарбия фаро гирифтаанд.
Марказҳои инкишофи кўдакони синни томактабӣ дар 18 шаҳру ноҳияи вилоят ташкил ёфтаанд. Ин марказҳо аз 701 гурўҳ иборат буда, дар онҳо 15162 кўдак таълиму тарбия мегирад. Фарогирии кўдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ якҷоя бо Маркази инкишофи кўдакони синни томактабӣ 21,0 фоизро ташкил медиҳад.
Соли таҳсили 2022-2023 дар вилоят 946 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо 571729 нафар, аз ҷумла 280773 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.