Фарҳанг

Дар замони муосир таблиғи арзишҳои миллию фарҳангӣ, бедор намудани худшиносиву худогоҳии миллӣ рисолати ҳар фарди ватандўст маҳсуб меёбад.

Дар вилоят тибқи нақшаи чорабиниҳои барномаҳои соҳавӣ муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо марҳила ба марҳила таъмиру тармим гардида, бо таҷҳизоти техникӣ, сарулибоси саҳнавӣ, асбобҳои мусиқӣ, мизу курсӣ муҷаҳҳаз шуда истодаанд. Инчунин, ҷиҳати ҳифз ва барқароркунии ёдгориҳои таърихӣ бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон корбарӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар муассисаҳои фарҳангии вилоят бахшида ба ҷашнҳои 30 - солагии Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳ, Рўзи Модар, Рӯзи матбуоти тоҷик ва Наврўзи байналмилалӣ силсилаи чорабиниҳо, вохўриву суҳбатҳо, баромади дастаҳои ҳаваскорони санъати бадеӣ, намоиши театрикунонида, суҳбат дар атрофи мизи мудаввар, конфронсу семинарҳо, намоиши китобию матбуотӣ, намоиши асарҳои рассомон, барномаҳои консертӣ  гузаронида шуданд.

Бахшида ба Рўзи Модар дар Қасри маданияти Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки роҳбарияти вилоят ва фаъолзанони шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби ҳунармандону санъаткорон ва гурўҳҳои рақсӣ чорабиниҳои фарҳангӣ барпо гардида, ба ин муносибат дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо низ чорабиниҳои тантанавӣ гузаронида шуданд.