Дар давоми 5 моҳи соли равон дар ҶДММ “Атласи Хуҷанд” 20 ҳазор метр атласу адрас истеҳсол шуд, ки аз он 14 ҳазор метр атлас ва 6 ҳазор метр адрас мебошад. Танҳо дар ду моҳи охир зиёда аз 12 намуди атласи нав истеҳсол гардид. Дар ин бора директори ҶДММ “Атласи Хуҷанд” Азимҷон Ғафуров дар суҳбат бо рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» иттилоъ дод.
Боиси зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.



Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти соҳибкорони вилояти Суғд ва Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид. Дар он муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва ноиби ҳокими вилояти Фарғона Алибек Турсунов низ иштирок доштанд.
1 июни соли равон дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ корхонаи парандапарварии “Ҷумъабойи Мирзо” мавриди истифода қарор дода шуд.
