Ҳисобот дар бораи натиҷаи иҷрои нишондиҳандаҳои буҷети вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2022

Тибқи маълумоти омори давлатӣ дар семоҳаи якуми соли 2022 нишондиҳандаи кўтоҳмуддати рушди вилоят ба 5447,3 млн. сомонӣ ва суръати афзоиш ба 107,6 фоиз баробар гардида, саҳми он дар Маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар 26,8 фоизро дар бар гирифт.

Рушди нишондиҳандаи мазкур дар ин давра асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22,5 фоиз, кишоварзӣ 11,8 фоиз, гардиши савдои чакана 5,3 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 6,1 фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 1,5 баробар ва ғайра таъмин гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ ба бунёди корхонаи нави металлургӣ ва корхонаи афинажи тиллои ҶСП «ТАЛКО Голд» оғоз бахшиданд

14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ бо гузоштани санги асос ба бунёди корхонаи нави металлургӣ ва корхонаи афинажи тиллои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” оғоз бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин ду корхонаи нав давоми як сол бо сатҳу сифати баланд ва муҷаҳҳаз бо хатҳои технологии муосир сохта, ба истифода дода мешаванд.

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва ба истифода додани корхонаи маъдантозакунии ҶСП «ТАЛКО Голд» дар ноҳияи Айнӣ

14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.

Дар фурудгоҳи муваққатии мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ Сарвари давлатро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарону фаъолони вилоят самимона истиқбол гирифтанд.