Хуҷанд. Ба маблағи 191,8 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар маҳсулот содирот гардид

Дар нимсолаи якуми соли равон дар шаҳри Хуҷанд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурўши обу барқ ба 647,3 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 74,1 миллион сомонӣ ё 12,9 дар сад афзоиш ёфтааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода иттилоъ дода шуд.

Ба иттилои масъулин ба маблағи 191,8 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар маҳсулот содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 26,0 дар сад афзоиш ёфта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад. Дар ин давра 8 адад корхонаҳои нави хурду миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 177 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби корхонаҳои нав бунёдгашта 105 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 11,1 млрд. сомонӣ баробар шуд

Дар нимсолаи якуми соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 11,1 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо ба 123,8 фоиз расонида шуд.

Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардид. Аз ҷумла, ба миқдори 646,1 ҳазор тонна семент ва 695,3 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуд.

Шиносоӣ бо бунёди корхонаи нави металлургии корхонаи муштараки «Зарафшон»

Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» бунёди корхонаи иловагии металлургӣ идома дорад, ки бо фаъол шудани он 200 нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи «Зарафшон» иттилоъ дода шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки корхонаи муштараки «Зарафшон», воқеъ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд азимтарин корхонаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти саноатӣ дар соҳаи саноати коркарди маъдани ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Саҳми ин корхона дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ назаррас буда, бо маблағгузории «Зарафшон» иншооти гуногуни иҷтимоӣ низ бунёд мегардад.