Суғд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 17,1 млрд сомонӣ баробар шуд

Дар 9 моҳи соли 2022 дар вилояти Суғд ба маблағи 17 млрд. 141,0 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 122,0 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардид. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 ба миқдори 1004,9 ҳазор тонна семент ва 1396,5 ҳазор тонна ангишт истеҳсол гардид. Ҳамзамон, дар ин давра бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 1840,6 тонна калоба ва 5413,0 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин истеҳсол карда шудааст.

Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск

Дар доираи сафари соҳибкорони вилояти Красноярск ба вилояти Суғд бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати Сибири марказӣ 2-юми август дар меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск  баргузор гардид.

Соҳибкорони вилояти Красноярски Федератсияи Русияро ноиби Президенти Палатаи савдо ва саноати Сибири марказӣ  Даря Ковалева роҳбаладӣ намуд.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи 1 млрд. 988 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид

-Дар давоми шаш моҳи соли равон аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи 1 млрд. 988 миллиону 831,9 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, суръати афзоиши маҳсулоти саноатӣ 138,8 фоизро ташкил дод, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода.

Дар соли 2022 таъсиси 15 корхонаи хурду миёна пешбинӣ шуда, дар ин давра дар ноҳия 12 корхонаи саноатии нав ва хатҳои иловагии хурду миёнаи истеҳсолӣ таъсис дода шуд, дар натиҷа 163 нафар бо ҷойи кории доимӣ таъмин гардиданд.