Баргузории Форуми II ҷумҳуриявии иқтисодӣ дар мавзуи «Таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ»

15 декабри соли 2022 дар маҷлисгоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Форуми II ҷумҳуриявии иқтисодӣ дар мавзуи «Таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори форум коршиносон, олимон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони корхонаҳои саноатӣ, соҳибкорон  ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди санги ҶСП «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ»-ро ифтитоҳ намуданд

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди санги Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи нави саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди саноат эълон кардани солҳои 2022-2026 аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ» таъсис дода шудааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон коргоҳи пойафзолбарории «Маҳина»-ро мавриди истифода қарор доданд

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи пойафзолбарории “Маҳина”»-ро дар шаҳри Гулистон мавриди истифода қарор доданд.

Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкорзани ватанӣ Ҷаннатой Абдалиева дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун Солҳои рушди саноат бунёд гардид. Коргоҳ дорои 13 дастгоҳи истеҳсолӣ мебошад, ки аз хориҷи кишвар оварда, васлу насб карда шудаанд.