Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 11,1 млрд. сомонӣ баробар шуд

Дар нимсолаи якуми соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 11,1 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо ба 123,8 фоиз расонида шуд.

Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардид. Аз ҷумла, ба миқдори 646,1 ҳазор тонна семент ва 695,3 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуд.

Шиносоӣ бо бунёди корхонаи нави металлургии корхонаи муштараки «Зарафшон»

Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» бунёди корхонаи иловагии металлургӣ идома дорад, ки бо фаъол шудани он 200 нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи «Зарафшон» иттилоъ дода шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки корхонаи муштараки «Зарафшон», воқеъ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд азимтарин корхонаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти саноатӣ дар соҳаи саноати коркарди маъдани ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Саҳми ин корхона дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ назаррас буда, бо маблағгузории «Зарафшон» иншооти гуногуни иҷтимоӣ низ бунёд мегардад.

Миёни соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Ҷиззах 21 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд

Аз рӯзҳое, ки марзҳои ду давлати ба ҳам дӯсту бародар – Ӯзбекистону Тоҷикистон кушода шуду барои ба дидори ҳам расидани мардуми ду кишвари солҳои сол ҳамдигарро надида мусоидат намуд, чанд сол сипарӣ гардид. Ташрифи нахустини Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдиронида шудани он кас бо ордени фахрии «Зарринтоҷ», ба имзо расидани як қатор санадҳои ҳамкорӣ, боздид аз ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ва НБО «Қайроққум», вохӯрӣ бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар қасри овозадору таърихии «Арбоб»-и ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев, баргузории шоми дӯстӣ, иштирок дар фестивалу чорабиниҳои гуногуни ҳамдигарӣ, равобити дуҷонибаи тиҷоратӣ дар ҳақиқат баёнгари гуфтаҳои «одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт»-и шоири бузург Мирзо Турсунзода аст.

Дар ин раванд дар қатори дигар намояндагони мамолики кишвар иштироки намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бахусус соҳибкорону меҳмонони мардуми ҷиззахзамин санаҳои 17-18-уми июни соли 2022 дар Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд - 2022» дар густариши равобити ҳамкориҳо назаррас буда, ҳар ду ҷониб аз ин вохӯрӣ натиҷаи самарабахш ба даст оварданд.