ҶДММ «Экофрукт Исфара»-и Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 30-юми байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо- «Продэкспо-2023» дар шаҳри Москва иштирок карда, намудҳои гуногуни хушкмеваҳои ин коргоҳро, ки бастубанд гардида, ба содирот нигаронида шудаанд, ба намоиш гузошт. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати вилоят хабар доданд.
Дар намоишгоҳ зиёда аз 2000 ширкат аз 35 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Беларус, Туркия, Федератсияи Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Чин ва дигарон иштирок намуданд.



Рӯзҳои 22-24 июни соли равон дар Муассисаи давлатии Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи IX байналмилалии савдо «Суғд-2023» баргузор мегардад. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд аз 27 январи соли 2023 ба имзо расидааст.
Cоли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 24 млрд 186 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 3 млрд 676 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 118,0 фоизро ташкил медиҳад.
