Дар се моҳи соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 5 млрд. 892,4 млн. сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 110,1 фоиз таъмин гардид.
Дар ин давра суръати афзоиши намудҳои асосии маҳсулот таъмин гардида, ба миқдори 1696,4 тонна равғани растанӣ, 8666,6 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 1809,8 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 2272,5 ҳазор декалитр нӯшокиҳои беспирт истеҳсол карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиши истеҳсоли равғани растанӣ 116,3 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 103,1 фоиз, консерваҳо 117,7 фоиз, нӯшокиҳои беспирт 122,2 фоиз таъмин гардидааст.



6 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо сохтмони як қатор корхонаҳои саноатӣ шинос гардид.
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ба истифода дода шуд.
