Cоли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 24 млрд 186 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 3 млрд 676 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 118,0 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардид. Аз ҷумла, дар соли 2022 ба миқдори 1 млн 295 ҳазор тонна семент ва 1 млн 890 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуд. Ҳамзамон, дар ин давра бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 2 ҳазору 535 тонна калоба ва 7 млн 824 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин истеҳсол карда шудааст.