Шиносоӣ бо фаъолияти ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой»

1 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» шинос гардид.​

Раиси вилоят ба нақбҳои ширкат ворид шуда,​ аз раванди истеҳсолот дар ин корхонаи азими саноатӣ боздид намуд.

Тавре маълумот дода шуд, «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» аз калонтарин корхонаҳои саноатӣ буда, дар се моҳи соли ҷорӣ 790,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст. Аз ҷумла дар ин давра 20,4 ҳазор тонна консентрати сурб ва 28,2 ҳазор тонна консентрати руҳ истеҳсол гардида, саҳми корхона дар маҳсулоти саноатии шаҳри Гулистон 77,2 фоизро ташкил мекунад.

Дар семоҳаи аввали соли 2023 ба маблағи 5 млрд. 892,4 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд

Дар се моҳи соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 5 млрд. 892,4 млн. сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 110,1 фоиз таъмин гардид.

Дар ин давра суръати афзоиши намудҳои асосии маҳсулот таъмин гардида, ба миқдори 1696,4 тонна равғани растанӣ, 8666,6 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 1809,8 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 2272,5 ҳазор декалитр нӯшокиҳои беспирт истеҳсол карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиши истеҳсоли равғани растанӣ 116,3 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 103,1 фоиз, консерваҳо 117,7 фоиз, нӯшокиҳои беспирт 122,2 фоиз таъмин гардидааст. 

Раиси вилоят бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар Хуҷанд шинос шуд

6 апрел​ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри​ Хуҷанд бо сохтмони як қатор корхонаҳои саноатӣ шинос гардид.

Дар​ дар маҳаллаи “Темурмалик”-и шаҳр роҳбари вилоят​ бо раванди сохтмони коргоҳи коркарди гўшти мурғ ва истеҳсоли ҳасиби ҶДММ​ ”Насиби ширин”​ шиносоӣ пайдо намуд.​ Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи мазкур бо саҳми соҳибкори ватанӣ Салимҷон Ҷўраев бунёд гардида, он асосан ба коркард ва басту банди гўшти мурғ ва дар ояндаи наздик ба истеҳсоли ҳасиб машғул хоҳад шуд. Корҳои сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи ватанӣ бомаром идома ёфта, таҷҳизоти коргоҳ, ки истеҳсоли кишварҳои Чин ва Туркия мебошад, то охири соли 2023 ворид карда мешаванд. Ҳаҷми аввалияи сармоягузории ин тарҳ беш аз 10 миллион сомониро ташкил медиҳад.