Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент ба фаъолияти Корхонаи металлургии мисгудозӣ оғоз бахшиданд

5 июл дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакент ташриф оварданд.

Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Корхонаи металлургии мисгудозӣ, пойгоҳи кислароди адсербтсионӣ, коргоҳи обтозакунию коркарди дубораи партов, полоишгоҳи рақами 3 дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки “Зарафшон” оғоз бахшиданд.

Дар дастгоҳи марказии идоракунии корхонаи нав Пешвои муаззами миллат бо пахши тугма дастгоҳҳои пуриқтидори истеҳсолиро ба кор дароварданд ва ҳамин тавр Корхонаи металлургии мисгудозӣ ба истеҳсоли аввалин маҳсулоти худ шуруъ намуд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти корхонаи маъдантозакунии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ» оғоз бахшиданд

5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сафари кории Сарвари давлат аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.

Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Дуобаи шарқии ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти корхонаи маъдантозакунии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ» оғоз бахшиданд.

Маросими ба кор андохтани корхонаи мазкур ба таври маҷозӣ баргузор шуд.

Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» бо боғдорон ҳамкорӣ менамояд

Дар​ Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» қабули мева дар мавсими имсола​ оғоз гардида, корхона метавонад аз боғодорон меваҳоро харидорӣ ва коркард намояд. Дар ин бора зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти корхона маълумот дода шуд.

Бино ба иттилои масъулин дар корхона коркарди мева ва истеҳсоли афшураҳои гуногун чанд сол аст, ки идома дошта, дар соли равон қабули мева оғоз гардидааст. Ҳамарӯза аз ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки иқлими нисбатан гарм дорад, зиёда аз 20 тонна зардолу қабул карда шуда, дар назар аст, ки соли равон 5 ҳазор тонна зардолу коркард гардад. Корхона имсол дар маҷмуъ беш аз 25 ҳазор тонна меваҳои гуногунро қабул ва коркард хоҳад кард. Аз ин лиҳоз, боғдорони вилоят метавонанд барои ҳамкорӣ ба корхона муроҷиат намуда, меваҳои худро фурӯшанд.​ ​ ​