Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Коргоҳи коркард ва истеҳсоли конструксияҳои металлии ҶДММ «Сохтмони Кабир»-ро ифтитоҳ намуданд

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Коргоҳи коркард ва истеҳсоли конструксияҳои металлии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмони Кабир”-ро ифтитоҳ намуданд.

Коргоҳи коркард ва истеҳсоли конструксияҳои металлӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Солҳои рушди саноат” – 2022-2026 аз тарафи соҳибкори ватанӣ Комил Турдибоев бунёд шудааст.

Бо таъсиси коргоҳи нав 20 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Бо дарназардошти афзоиши талабот ба маҳсулоти коргоҳ ва сари вақт иҷро намудани фармоиш 10 нафари дигар ба кор ҷалб карда мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти палиграфии ҶДММ «Папирус»-ро ба истифода доданд

6 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти палиграфии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Папирус”-ро ба истифода дода, бо имконияти истеҳсолии он шинос шуданд.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, корхонаи истеҳсолӣ асосан ба коркарди қоғаз ва истеҳсоли дафтарҳои мактабӣ, фаннӣ, корӣ ва албом машғул мебошад.

Корхона бо хатти муосири истеҳсолӣ, ки сифати маҳсулотро ҳамаҷониба таъмин менамояд ва аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ фаъолият менамояд, таъмин гардидааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтилении ҶДММ «Мироб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

6 июл дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мироб”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ бо 15 ҷойи доимии корӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар доираи “Солҳои рушди саноат” — 2022-2026 дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон аз ҷониби оилаи Шарифовҳо бунёд гардидааст.

Дар корхона истеҳсоли 16 намуд қубури полиэтилении қутрашон аз 15 то 315 миллиметра ба роҳ монда шудааст. Дарозии қубурҳо вобаста ба қутрашон аз 6 то 100 метр истеҳсол мегардад.