Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли курсиҳои нарми “Арча” дар шаҳри Хуҷанд

15 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ташриф оварда, коргоҳи истеҳсоли курсиҳои нарми “Арча”-ро, ки дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна ва компания” бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.

Бо мақсади зиёд кардани навъу намудҳои маҳсулот, қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ ва тақвияти ҳаҷми содиротӣ муассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна ва компания” барои таъсису ба кор даровардани коргоҳи нав, ки дар он асосан курсиҳои нарм ва мебелҳои чӯбин истеҳсол карда мешавад, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар саҳми назаррасу шоиста мегузоранд.

Аснои шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисон иттилоъ доданд, ки барои омода кардани курсиҳои мулоим ва мебелҳои чӯбин аз Италия ва Туркия 47 дастгоҳу таҷҳизоти гуногуни муосир оварда, васлу насб карда шуд.

Дар Хуҷанд корхонаи коркарди шишаи ҶДММ “Шишакор” ба истифода дода шуд

15 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди шишаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шишакор”-ро ба истифода доданд.

Корхонаи коркарди шиша дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи шоистаи ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳадафҳои саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи соҳибкорон Умархӯҷа Бузруков ва Нуриддин Ҳусайнов бунёд карда шуд.

Иқтидори иншооти нави саноатӣ коркарди то 8 ҳазор метри мураббаъ шиша дар як моҳ мебошад. Дар сурати комилан фаъол кардани марҳилаҳои дигари корхона, имконияти коркарди то 27 ҳазор метри мураббаъ шишаи сохтмонӣ дар як моҳ фароҳам хоҳад омад.

Ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ дар шаҳри Хуҷанд

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва маҳсулоти оҳану бетонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фаровон” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷсохтмон”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти навтаъсиси соҳаи саноат дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо навтарин хатти технологӣ бунёд гардида, иқтидори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фаровон” дар як шабонарӯз истеҳсоли 250 метри мукааб бетон ва 260 метри мураббаъ плитаҳои оҳану бетонӣ ва корхонаи “Тоҷсохтмон” бошад, имкони дар як шабонарӯз истеҳсол намудани 250 метри мукааб бетонро доро мебошад, ки бо ин дар маҷмуъ 60 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шудаанд.