17 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бо фаъолияти корхонаи истеҳсолии "Арча-мебел" шинос гардид.
Тавре зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд намудани ҳаҷми
истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот, инчунин таъмини талаботи бозор бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад. Бо ташаббуси роҳбарияти корхона хати нав истеҳсолӣ ташкил гардида, номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда зиёд хоҳад шуд. Бо фаъол гардидани хати нав истеҳсоли 50 навъи мебел ба роҳ монда шуда, мебели дар ин корхона истеҳсолшаванда мустаҳкаму устувор ва аз ҷиҳати экологӣ безарар мебошад.