Дар Хуҷанд корхонаи коркарди шишаи ҶДММ “Шишакор” ба истифода дода шуд

15 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди шишаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шишакор”-ро ба истифода доданд.

Корхонаи коркарди шиша дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи шоистаи ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳадафҳои саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи соҳибкорон Умархӯҷа Бузруков ва Нуриддин Ҳусайнов бунёд карда шуд.

Иқтидори иншооти нави саноатӣ коркарди то 8 ҳазор метри мураббаъ шиша дар як моҳ мебошад. Дар сурати комилан фаъол кардани марҳилаҳои дигари корхона, имконияти коркарди то 27 ҳазор метри мураббаъ шишаи сохтмонӣ дар як моҳ фароҳам хоҳад омад.

Ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ дар шаҳри Хуҷанд

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва маҳсулоти оҳану бетонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фаровон” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷсохтмон”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти навтаъсиси соҳаи саноат дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо навтарин хатти технологӣ бунёд гардида, иқтидори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фаровон” дар як шабонарӯз истеҳсоли 250 метри мукааб бетон ва 260 метри мураббаъ плитаҳои оҳану бетонӣ ва корхонаи “Тоҷсохтмон” бошад, имкони дар як шабонарӯз истеҳсол намудани 250 метри мукааб бетонро доро мебошад, ки бо ин дар маҷмуъ 60 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

Шиносоӣ бо фаъолияти ҶДММ «Қудрат-2010»

20 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо фаъолияти филиали коргоҳи фурӯши ангишти ҶДММ «Қудрат-2010» шинос гардид.

Дар вилояти Суғд ба масъалаи истеҳсол ва содироти ангишт таваҷҷуҳи зарурӣ равона шуда, дар нуҳ моҳи соли равон 1 миллиону 107,9 тонна ангишт истеҳсол шудааст. Масъулини ҶДММ «Қудрат-2010» азм доранд, ки ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳаҷми содироти ангиштро бештар намоянд. Тавре зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ширкат якҷо бо ҶДММ "Занҷираи осиёии таҳвил" дар як моҳ то 10 ҳазор тонна ангиштро содирот менамояд ва тибқи шартнома ҳаҷми умумии он беш аз 500 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Ангишт аз кони ангишти "Қудрат-2010" аз Куҳистони Мастчоҳ тавассути беш аз 50 нақлиёти калонҳаҷми боркашон оварда шуда, ба воситаи вагонҳои роҳи оҳан аз истгоҳи роҳи оҳани Спитамен ба кишвари ҳамсоя интиқол меёбад.