19 ноябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо рафти бунёд ва азнавсозии як қатор корхонаҳои саноатӣ шинос гардид.
Зимни шиносоӣ бо васлу насби таҷҳизоти муосир дар ҶДММ «Суғдтекстайлз» (собиқ корхонаи «Кобул-Тоҷик-Текстайлз») қайд карда шуд, ки корхонаи мазкур бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат баён шуда буд, азнав фаъол карда хоҳад шуд.
Корхонаи азими саноатӣ, ки дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозӣ мешавад, бо таҷҳизоту технологияи олмонӣ муҷаҳҳаз карда шуда, коргоҳҳои ресандагиву бофандагӣ, дӯзандагӣ, рангубори матоъ таъсис дода мешавад ва то 3500 нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд. Муассисон тасмим доранд, ки коркарди пурраи пахта то маҳсулоти ниҳоиро ба роҳ монанд.