Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба 2 млрд. 910,8 миллион доллари ИМА баробар шуд

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-ноябри соли 2024 ба 2 млрд. 910,8 миллион доллари ИМА расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 116,3 фоиз таъмин гардид. 

Ҳаҷми воридот 2045,0 миллион доллар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 206 миллион доллар ё 11,2 фоиз афзудааст.

Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра ба 865,8 миллион доллар расонида шуда, суръати афзоиш 130,5 фоиз таъмин гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 202,4 миллион доллар зиёд мебошад.

Ҳисобот дар бораи натиҷаи иҷрои нишондиҳандаҳои буҷети вилояти Суғд дар нӯҳ моҳи соли 2024

Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ дар ҷамъбасти нӯҳ моҳи соли 2024-ум нишондиҳандаи кўтоҳмуҳлати рушди вилоят ба 28 млрд. 645,3 млн. сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,3 дарсад баробар гардида, саҳми он дар Маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар 27,9 дарсадро ташкил додааст.

Афзоиши нишондиҳандаи мазкур дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 13,5 дарсад, кишоварзӣ 13,0 дарсад, гардиши савдои чакана 9,7 дарсад, хизматрасониҳои пулакӣ 6,0 дарсад ва ғайра таъмин гардид.

Дар натиҷаи чораю тадбирҳои андешида ва дар заминаи рушди иқтисодиёти вилоят, иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети умумии вилоят (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) дар 9 моҳи соли 2024-ум ба андозаи 103,4 дарсад таъмин ва ба буҷети давлатӣ 4 млрд. 167,1 млн. сомонӣ ворид карда шуд. Воридоти маблағ нисбат ба нақшаи таҳрезишуда 136,9 млн. сомонӣ ва нисбат ба соли қаблӣ 483,6 млн. сомонӣ ё 13,1 дарсад зиёд мебошад.

Суғд. Ба маблағи 20 миллиарду 360,7 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид

Давоми 9 моҳи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 20 миллиарду 360,7 миллион сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 113,5 фоиз таъмин гардид. 

Дар ин давра ба миқдори 284,7 ҳазор тонна орд, 3493,6 тонна равғани растанӣ, 3976,7 тонна маҳсулоти макаронӣ, 33411,9 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 35196,7 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 14712,8 ҳазор декалитр нӯшокиҳои беспирт истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиши истеҳсоли орд 130 фоиз, равғани растанӣ 116,5 фоиз, маҳсулоти макаронӣ 181,4 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 121,3 фоиз, консерваҳо 104,6 фоиз ва нӯшокиҳои беспирт 130,5 фоизро ташкил медиҳад. 

Дар ин давра ба миқдори 1551,1 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиш 140 фоизро ташкил медиҳад.