5 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маҷмааи "Ориён"-и шаҳри Исфара бо тарзу усулҳои нави банду басти меваи хушк, маҳсулоти қаннодӣ ва кулолгарӣ шинос гардид.
Шаҳри Исфара бо истеҳсол ва банду басти хушкмева маъруф буда, маҳсулоти аҳли меҳнати шаҳр дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ харидорони сершумор дорад. Дар ин раванд дар корхонаҳои банду басти шаҳри Исфара хушкмеваҳо бо тарҳу ороиши хос пешкаши мизоҷон гардонида мешавад.
Зимни шиносоӣ бо маҳсулоти корхонаҳо Раиси вилоят таъкид кард, ки бо талошҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ хуб мешиносанд. Маҳсулоти дар мамлакат истеҳсолшаванда ба кишварҳои хориҷӣ содирот шуда, бо ин роҳ кишвар муаррифӣ мегардад.