Шиносоӣ бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ аз наздик шинос гардида, ҷиҳати иҷрои сарвақтиву босифати корҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Раиси вилоят аз ҷумла бо сохтмони коргоҳи истеҳсоли зарфҳои яккаратаи ҶДММ “Муосирпласт”, коргоҳи истеҳсоли орди ҶДММ “Орди фатир”, коргоҳи истеҳсоли асбобҳои рӯзгори ҶДММ “Саноатикунонӣ”, коргоҳи истеҳсоли таҷҳизоти гармидиҳии ҶДММ “Титан 8888” шинос шуд.

Корхонаи нави истеҳсолии ҶДММ “Муосирпласт” дар масоҳати умумии 4 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, асосан барои истеҳсоли зарфҳои яккарата пешбинӣ гардидааст. Бо ин мақсад дастгоҳҳои муосир аз Ҷумҳурии мардумии Чин ворид гардида, бо ҷалби мутахассисони чинӣ васлу насб карда мешавад.

Шиносоӣ бо сохтмон ва фаъолияти корхонаҳо дар Хуҷанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо рафти сохтмони корхонаи истеҳсоли равғани ҶДММ «Сирдарё» шинос гардид.

Корхонаи равғанбарорӣ бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ бунёд гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани он ҳаҷми истеҳсоли равған зиёд карда мешавад. Тавре мушоҳида шуд, айни замон 80 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, барои роҳандозии истеҳсолот техналогияҳои замонавӣ аз Олмону Туркия ва Чин ворид карда шудааст.

Тибқи лоиҳа дар корхона зиёда аз 100 нафар бо ҷои корӣ таъмин хоҳанд шуд ва бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ таъмин мешавад.

Боздид аз коргоҳи коркарди пахта дар ноҳияи Спитамен

Дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳ равона гардида, бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот сол аз сол афзун мегардад.

Соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 26 млрд. 51,9 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2022 бо нархҳои муқоисавӣ 2,9 млрд. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 110,7 фоизро ташкил дод. Дар давраи ҳисоботӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона карда шуд.​

Дар ин раванд дар Ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен бо иқдоми масъулини БТК "ГРУПП" коргоҳи нави коркарди пахта бунёд гардидааст.​

Зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз коргоҳ иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии корхона 7,3 гектарро ташкл медиҳад. Технологияи муосири коркарди пахта аз ширкатҳои пешрафта харидорӣ ва васлу насб карда шудааст. Дар ин коргоҳи навбунёд дар як шабонарӯз беш аз 200 тонна пахта қабул ва ​ коркард карда мешавад.​