Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти ҶДММ «Муосир-пласт» оғоз бахшиданд

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муосир-пласт” оғоз бахшиданд.

Иншооти соҳаи саноат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бо навтарин технологияи истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон бунёд гардида, иқтидор дорад, ки дар як сол аз 20 то 60 млн. дона маҳсулот истеҳсол намояд.

Дар навбати аввал бо истифода аз 3 хати технологӣ ва 50 намуди қолаб зарфҳои яккаратаи пластикӣ барои шириниҳо, нӯшокиҳо, тармеваю хушкмева, маҳсулоти ширӣ ва хӯрока омода гардида, наздики 50 нафар баъд аз омӯзиши нозукиҳои таҷҳизоти замонавӣ соҳиби корӣ доимӣ шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бо фаъолияти коргоҳи истеҳсоли “Ванадий” шинос шуданд

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бӯстон ташриф оварда, дар коргоҳи истеҳсоли “Ванадий”-и Коргоҳи фаръии “Истеҳсоли гидрометаллургӣ” бо хатти истеҳсолӣ пас аз анҷоми корҳои навсозӣ ва барқарорсозӣ шинос шуданд.

Бояд қайд кард, ки коргоҳи мазкур аз солҳои 80-ум инҷониб бе кор буд ва пас аз танаффуси тӯлонӣ хатти аввали истеҳсолии коргоҳ дар доираи амалӣ намудани иқдомҳо ҷиҳати рушди соҳаи саноат ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда пурра навсозӣ гардида, дар он истеҳсоли “Поливанадати аммоний” ва “Панҷоксидаи ванадий” роҳандозӣ гардидааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҶДММ «Титан 8888»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф оварда, корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Титан 8888»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар корхонаи нави саноатӣ, ки масоҳаташ 1,3 гектарро ташкил медиҳад, асосан радиатор — таҷҳизоти гармидиҳӣ, дегҳои гуногунҳаҷм барои рӯзгор ва чароғакҳои равшанидиҳанда (прожектор) истеҳсол карда мешаванд ва бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти муҳташами тавлидотӣ 100 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Оянда дар ин ҷо шумораи кормандон дар маҷмӯъ ба 170 нафар расонида мешавад ва айни замон музди миёнаи меҳнат 2500 сомониро ташкил медиҳад.