Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нуртекс»

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нуртекс» шинос гардид.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ҶСК «Нуртекс» 35 адад корхонаву коргоҳҳо ва соҳибкорони инфиродӣ фаъолият бурда, дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ саҳм мегузоранд.

Дар ҷамъият исеҳсоли равған, қисмҳои эҳтиётии гуногун барои техника, сангҳои ороишӣ ба роҳ монда шуда, коргоҳҳои дӯзандагӣ, кандакорӣ ва чӯбкорӣ низ мавҷуд аст.

Масъулини ҶСК «Нуртекс» тасмим доранд, ки ҷиҳати иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳмгузорӣ дар саноатикунонии мамлакат парки технологӣ таъсис диҳанд.

Шиносоӣ бо рафти азнавсозии ҶДММ «Суғдтекстайлз» дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо рафти азнавсозии ҶДММ «Суғдтекстайлз» (собиқ корхонаи «Кобул-Тоҷик-Текстайлз») шинос гардид.

Корхонаи мазкур бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, тақвияти нерӯи содиротии мамлакат, то коркарди ниҳоӣ расонидани ашёи хоми ватанӣ дубора ба кор андохта мешавад. 

Корхонаи азими саноатӣ, ки дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозӣ мешавад, бо таҷҳизоту технологияи муосири истеҳсоли кишварҳои аврупоӣ муҷаҳҳаз карда шуда, коргоҳҳои ресандагиву бофандагӣ, дӯзандагӣ, рангубори матоъ таъсис дода мешавад.

СУҒД: Ба маблағи 756,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-декабри соли 2023 ба 2,7 млрд. доллари амрикоӣ расонида шудааст, ки аз он ҳаҷми воридот 2 млрд 37,6 млн. доллар ва содирот 756,7 млн. доллар ташкил медиҳад.

Дар соли 2023 ба маблағи 371,2 млн. доллар маъдану консентрат, ба маблағи 81,4 млн. доллар нахи пахта ва ба маблағи 15,6 млн. доллар семент содирот карда шудааст, ки мутаносибан 49,0 фоиз, 10,8 ва 2,1 фоизи ҳаҷми умумии содиротро ташкил намудааст.

Дар соли 2023 ба маблағи 10,1 млн. доллари амрикоӣ 4082 тонна калоба ва ба маблағи 24,3 млн. доллар 1540 тонна либосворӣ ба бозори хориҷӣ бароварда шуда, афзоиш нисбат ба соли қаблӣ мутаносибан 8,2 млн. доллар ё 4,2 баробар ва 2,1 млн. доллар ё 109,5 фоизро ташкил намудааст.

Дар ин давра 157,4 ҳазор тонна ё 24,3 ҳазор тонна зиёд маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 40,7 млн. доллар содирот шудааст.