Дар нимсолаи якуми соли равон бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат дар вилояти Суғд тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гарида, аз ҷониби саноатчиёни вилоят ба маблағи 6,5 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нисбати соли 2019 ум афзоиш ба 114,4 фоиз баробар мебошад.
Дар ин давра ба миқдори 571,8 ҳазор тонна семент ва 695,9 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шудааст.
Ҳамзамон, нисбат ба ҳамин давраи солигузашта суръати афзоиши истеҳсоли ресмони пахтагин ба 133,3 фоиз ва газвори пахтагини тайёр ба 103,8 фоиз таъмин гардида.
Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот сол аз сол тавсеа ёфта, дар 6 моҳи соли 2020 ба миқдори 252,5 ҳазор тонна орд ва 2740,2 тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 2,0 ва 1,4 баробар зиёд аст.
Давоми шаш моҳи соли 2020 бо дастгирӣ ва иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ ба истифода дода шуданд.
Аз ҷумла, корхонаҳои истеҳсоли мех, маҳсулоти сантехникӣ ва қубурҳои пластикӣ, қубур ва шиферҳои асбестӣ дар шаҳри Бӯстон, коргоҳи ҳасиббарории ҶДММ “Ширкати Азизӣ” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, корхонаи муштараки тоҷикӣ-туркии “Афранг пласт”, ҶДММ “Хантана Канада ИНК”, корхонаи “Хуҷанд - Агро”, корхонаи дӯзандагии “Суғдиён С” дар шаҳри Хуҷанд, корхонаи коркарди коғази ҶДММ “Сахо ва К” дар шаҳри Гулистон, хатти нави истеҳсоли нӯшокаю афшура ва ғизои кӯдакона дар ҶСП “Оби Зулол”ва дигар иншоотҳо мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии дар соли 2020 ба истифода додани 119 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2308 ҷойи нави корӣ дар назар дошта шуда, то имрӯз 48 корхонаву коргоҳи нав бо 650 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




