Саноатикунонии босуръати кишвар яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат маҳсуб ёфта, дар ин замина саноатчиёни вилояти Суғд мекўшанд, иншооти хурду бузурги саноатиро сохта, ба истифода диҳанд. Баробари ин аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон доштани солҳои 2022 – 2026 «Солҳои рушди саноат» масъулияти саноатчиёни кишварро бештар кард.
Афзудани коргоҳҳои саноатӣ ба баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар мусоидат хоҳад кард, зеро баробари бунёди коргоҳҳои нав ҷойҳои корӣ зиёд гардида, сатҳи муҳоҷират коҳиш ёфта, зиндагии шаҳрвандон хуб ва иқтисодиёти кишвар беҳ мегардад. Ҷоиз ба қайд аст, ки имрўз саноатчиёни вилоят мекўшанд, сифати маҳсулоти истеҳсолии худро беҳтар гардонида, содироти онро ба бозори ҷаҳонӣ афзун созанд. Дар ин замина нақши соҳибкорон низ назаррас буда, имконияти хуб барои истеҳсол ва муаррифии маҳсулоти баландсифату рақобатпазир мебошад. Ин аст, ки дар самти содироти маҳсулоти саноатӣ коргоҳҳо ба натиҷаҳои баланд ноил гардида истодаанд.