Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти соҳибкорони вилояти Суғд ва Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид. Дар он муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва ноиби ҳокими вилояти Фарғона Алибек Турсунов низ иштирок доштанд.
Дар бизнес-форум миёни ширкатҳои ду ҷониб 15 санади ҳамкорӣ баимзо расонида шуд. Инчунин чанд санади ҳамкорӣ байни сохторҳои давлатӣ ба имзо расид, аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, чорводорӣ, саноати сабук, коркарди чарм ва ғайраҳо.
Шарифҷон Ахмедов, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд иброз дошт, ки гуруҳи соҳибкорон бо ташаббуси роҳбарони вилоятҳо таи се рӯз дар вилояти Суғд бо соҳибкорони тоҷик мулоқот хоҳанд кард.
Ҳамчунин, дар форум соҳибкорони кишвари ҳамсоя ба ярмаркае, ки санаи 17-18-уми июни соли ҷорӣ, дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, даъват шуда, дар доираи ин форум чанд санадҳои ҳамкорӣ байни ду вилоят ба имзо расонида мешавад. Таваҷҷуҳи шарикон дар якчанд самтҳо аз ҷумла саноати сабук, яъне коркарди пурраи нахи пахта бештар дида мешавад.
Дар рафти гуфтушуниди тарафайн дар бораи фаъолият ва Шӯрои тиҷоратии дуҷониба, афзоиши гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, зарурати баргузории вохӯрӣҳои муштарак ва форумҳои тиҷоратӣ ҷиҳати муайян намудани иқтидори сармоягузорӣ пешниҳодҳо ироа гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд