Муаррифии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2021-2025»

Бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии техникии Барномаи рушди СММ рўзҳои 17-18 майи соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи муаррифии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2021-2025» баргузор гардид.

Мақсад аз роҳандозӣ намудани ин иқдом муаррифии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2021-2025 буда, дар кори ҷаласа вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ ва Ашурзода Ғиёсиддин Маҳмадмурод иштирок намуданд.

Сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳаким Карим бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд ва сипас  Абдумавлон Қодиров, муовини сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2021-2025»--ро муаррифӣ намуд.

Қайд карда шуд, ки Барномаи мазкур афзалият ва самтҳои умумии вилоятро муайян менамояд, ки он барои ноил гардидан ба рушди устувори иқтисодӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои заминавии иҷтимоӣ ва баланд намудани сатҳи некўаҳволии сокинон, дар ояндаи миёнамуҳлат, нигаронида шудааст.

Дар охири баромад сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Барномаи рушди СММ барои кўмаки машваратӣ дар раванди такмили «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2021-2025» изҳори сипос намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд