Мутобиқи маълумоти омори давлатӣ дар ҷамъбасти соли 2025 нишондиҳандаи кўтоҳмуҳлати рушди вилоят (НКРМ) ба 49107,2 млн. сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,3 дарсад баробар гардида, ҳиссаи он дар Маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар 27,8 дарсадро ташкил додааст.
Рушди нишондиҳандаи мазкур дар соли ҳисоботӣ асосан аз ҳисоби афзудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 23,5 дарсад, кишоварзӣ 11,0 дарсад, гардиши савдои чакана 5,6 дарсад, хизматрасониҳои пулакӣ 8,8 дарсад, гардиши савдои хориҷӣ 37,5 дарсад, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 37,7 дарсад ва ғайра таъмин гардид.
Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти вилоят иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети умумии вилоят, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, дар соли 2025 ба андозаи 107,1 дарсад таъмин гардида, ба буҷети давлатӣ 7060,3 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нақша 469,1 млн. сомонӣ ва нисбати соли қаблӣ 1347,6 млн. сомонӣ ё 23,6 дарсад зиёд мебошад.
Ҳамзамон, дар ҷамъбасти соли ҳисоботӣ ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилоят ўҳдадориашонро дар назди даромадҳои буҷети маҳаллӣ пурраю барзиёд таъмин кард, танҳо шаҳри Панҷакент ўҳдадориҳои андозиро аз рўйи контингенти умумии даромадҳо ба андозаи 4,2 дарсади нақша таъмин карда натавонист, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 54,2 млн. сомонӣ маблағ ворид нагардид.
Тибқи маълумоти пешакии мақомоти маҳаллии андоз дар соли 2025-ум иҷрои нақшаи умумии андози иҷтимоӣ ба андозаи 108,2 дарсад ё ба маблағи 1595,1 млн. сомонӣ, аз ҷумла андози иҷтимоии буҷетӣ 103,8 дарсад (712,3 млн. сомонӣ) ва ғайрибуҷетӣ 111,9 дарсад (882,8 млн. сомонӣ) таъмин гардидааст. Воридоти амалии буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар соли 2025-ум нисбат ба соли қаблӣ 23,5 дарсад ё ба маблағи 304,0 млн. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби ташкилотҳои буҷетӣ 32,2 дарсад ё 173,5 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 17,3 дарсад ё 130,5 млн. сомонӣ афзудааст.
Баробари ин, тибқи ҳисоботи мақомоти маҳаллии хазинадорӣ дар ҷамъбасти соли молиявӣ ҳаҷми маблағҷудокунӣ ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ (андози иҷтимоии буҷетӣ), бо назардошти хароҷоти дохилии муассисаҳои буҷетӣ 732,4 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба нақша 46,4 млн. сомонӣ зиёд буда, иҷрои нақша дар сатҳи 106,8 дарсад таъмин шудааст.
Дар соли ҳисоботӣ муносибатҳои байнибуҷетӣ тибқи тартиби пешбиникардаи қонунгузории буҷети давлатӣ ва меъёрҳои тасдиқшуда ба роҳ монда, ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби андоз ва даромадҳои умумидавлатие, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди вилоят қарордошта ворид гардиданд, дар ҳаҷми 1783,2 млн. сомонӣ маблағи ҳиссаҷудокунӣ гузаронида шуд, ки ин нисбат ба нақша 45,1 млн. сомонӣ ё 2,6 дарсад ва нисбати соли 2024-ум 239,6 ҳазор сомонӣ ё 15,5 дарсад зиёд мебошад.
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бошад, дар ин давра ба андозаи 108,5 дарсад иҷро гардида, ба ҷойи 4078,0 млн. сомонии нақшавӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ 4423,9 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нақшаи тарҳрезишуда 345,9 млн. сомонӣ ва дар қиёс бо соли 2024-ум 993,3 млн. сомонӣ ё 28,9 дарсад зиёд мебошад. Аз ҷумла, ба даромади буҷети вилоятӣ маблағҳо дар ҳаҷми 1667,7 млн. сомонӣ ворид гардиданд, ки баробари 111,9 дарсади нақшаи аниқшуда буда, нисбат ба нақша 176,9 млн. сомонӣ ва назар ба соли қаблӣ 392,6 млн. сомонӣ бештар аст.
Новобаста ба чораҷўиҳо бобати кам кардани бақияи қарзи андозҳо ва пешгирии пайдошавии бақияпулиҳои нав, дар ҳолати 1 январи соли 2026 маблағи умумии бақияи қарзи андозҳо ба 298,5 млн. сомонӣ баробар гардид, ки ин нисбат ба аввали сол ба маблағи 214,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар соли ҳисоботӣ ҳаҷми бақияи қарзи андозҳо дар Нозироти андозсупорандагони калони вилоят ба маблағи 11,1 млн. сомонӣ ва дар нозироти андози шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 203,7 млн. сомонӣ афзудааст.
Маблағгузории қисми хароҷоти буҷети вилоят дар соли 2025-ум тибқи тартиби муқарраршуда ва дар доираи даромадҳои амалии буҷетҳои маҳаллӣ ба роҳ монда, ба иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят маҷмўан 4293,6 млн. сомонӣ равона гардид, ки 99,3 дарсади нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақшаи аниқшуда 31,1 млн. сомонӣ кам ва назар ба хароҷоти амалии соли 2024-ум 830,5 млн. сомонӣ ё 24,0 дарсад зиёд мебошад. Аз ҷумла, иҷрои нақшаи қисми хароҷоти буҷетӣ вилоятӣ ба андозаи 98,7 дарсад таъмин гардида, маблағи он ба 894,9 млн. сомонӣ баробар гардид.
Дар маблағгузории буҷетҳои маҳаллӣ чун ҳарвақта афзалият ба хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ - маориф, нигоҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳангу варзиш дода, барои маблағгузории соҳаҳои зикршуда дар ин марҳала 3704,9 млн. сомонӣ равона гардид, ки баробари 86,3 дарсади ҷамъи хароҷоти гузаронидаи буҷетҳои маҳаллӣ мебошад. Хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2025-ум нисбат ба соли қаблӣ ба маблағи 758,8 млн. сомонӣ ё ба андозаи 25,8 дарсад зиёд гардида, ҳиссаи он дар хароҷоти умумӣ 1,2 банди фоизӣ афзудааст.
Аз ҷумла, дар соли ҳисоботӣ аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллии вилояти Суғд ба соҳаи маориф 2333,2 млн. сомонӣ равона гардид, ки 99,8 дарсади нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақша 4,6 млн. сомонӣ кам мебошад. Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки маблағгузории буҷетӣ ба соҳаи маориф нисбат ба соли қаблӣ 575,7 млн. сомонӣ ё 32,8 дарсад афзуда, хароҷоти соҳа дар хароҷоти умумии буҷети вилоят ба 54,3 дарсад баробар мебошад.
Ҳаҷми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ барои соҳаи тандурустӣ 1104,0 млн. сомониро ташкил дод, ки ба 99,2 дарсади нақша баробар буда, нисбат ба нақша 9,3 млн. сомонӣ кам ва нисбат соли қаблӣ 259,3 млн. сомонӣ ё 30,7 дарсад зиёд мебошад. Ҳиссаи маблағгузории соҳаи мазкур дар маблағгузории амалии буҷетҳои маҳаллӣ ба 25,7 дарсад расонида шуд.
Дар соли 2025-ум маблағгузориҳо, бо назардошти сармоягузории асосии мутамаркази буҷети давлатӣ, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ 128,4 млн. сомонӣ ё 98,1 дарсади нақша, соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 28,3 млн. сомонӣ ё 94,2 дарсад, хоҷагии манзилию коммуналӣ 192,1 млн. сомонӣ ё 99,1 дарсад, фарҳанг ва варзиш 239,4 млн. сомонӣ ё 98,8 дарсад, кишоварзӣ 23,3 млн. сомонӣ ё 99,6 дарсад, саноат ва сохтмон 12,7 млн. сомонӣ ё 100,0 дарсад, нақлиёт ва коммуникатсия 76,3 млн. сомонӣ ё 98,2 дарсад ва хароҷоти ғайра 17,3 млн. сомонӣ ё 91,8 дарсади нақшаро ташкил дод.
Дар соли 2025-ум аз буҷети вилоятӣ ба маблағи умумии 641,1 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба шаҳру ноҳияҳои Ашт 89,1 млн. сомонӣ, Деваштич 118,3 млн. сомонӣ, Зафаробод 49,1 млн. сомонӣ, Истиқлол 3,9 млн. сомонӣ, Исфара 98,9 млн. сомонӣ, Конибодом 61,1 млн. сомонӣ, Кўҳистони Мастчоҳ 37,3 млн. сомонӣ, Мастчоҳ 34,3 млн. сомонӣ, Спитамен 39,6 млн. сомонӣ, Ҷаббор Расулов 69,0 млн. сомонӣ ва Шаҳристон 40,6 млн. сомонӣ субвенсия, инчунин ба ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ба маблағи 1,9 млн. сомонӣ дотатсия ҷудо гардид, ки 100 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Ғайр аз ин, давоми соли ҳисоботӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоятӣ ба буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо бо роҳи ҳисоббаробаркунӣ 48,2 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои пардохти фонди музди меҳнат 46,2 млн. сомонӣ маблағҳои мақсаднок ва ба маблағи 14,4 млн. сомонӣ барои пардохти саривақтии музди меҳнат қарзи муваққатии буҷетӣ ҷудо карда шуданд.
Маҷмўан дар соли 2025-ум аз ҳисоби буҷети вилоятӣ ба буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо 705,7 млн. сомонӣ ҷудо гардид, ки ин 20,8 дарсади хароҷоти ҳақиқии буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар бар мегирад.
Дар моҳҳои январ-декабри соли 2025-ум иҷрои нақшаи қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ аз ҳисоби воридоти маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ба андозаи 91,0 дарсад ва ба маблағи 306,4 млн. сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба нақша 31,5 млн сомонӣ кам ва нисбати соли 2024-ум 47,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи хароҷоти маблағҳои махсуси буҷетҳои маҳаллӣ дар ин давра ба андозаи 80,1 дарсад иҷро гардида, ба ҷойи 344,3 млн. сомонии нақшавӣ амалан 275,8 млн. сомонӣ ба харҷ дода шуд, ки ин нисбат ба нақша 68,4 млн. сомонӣ кам мебошад.
Давоми соли ҳисоботӣ (бо назардошти маблағҳои дар аввали моҳи январи соли 2026 пардохтшуда) аз ҳисоби маблағи иҷрои барзиёди қисми даромади буҷетҳои маҳаллии вилояти Суғд дар соли 2025-ум ба фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт 86,1 млн. сомонӣ ва суратҳисоби захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ 13,4 млн. сомонӣ, ҷамъ 99,5 млн. сомонӣ гузаронида шуд.
Хадамоти матбуоти Сарраёсати Вазорати молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд




