Рӯзҳои 17 ва 18 июни соли 2022 Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» доир мегардад

Азназаргузаронӣ: 1320

Рӯзҳои 17 ва 18 июни соли 2022 дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» гузаронида мешавад. Дар ин бора рӯзи 20 апрел қарори марбутаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.

Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав, густариши ҳамкориҳо миёни кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ соли ҳаштум аст, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ташкил карда мешавад.

Дар доираи ин чорабинии муҳими сатҳи минтақавӣ ҳамзамон гузаронидани Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ низ ба нақша гирифта шуда, дар назар аст, ки дар ярмака ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни худро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расонанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд