СУҒД. Ба маблағи 28,3 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид

Дар 9 моҳи соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 28 миллиарду 321 миллиону 900 ҳазор сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 131,9 фоиз таъмин гардид. 

Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона карда шуд. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2025 ба миқдори 1 миллиону 583 ҳазору 500 тонна ангишт истеҳсол шуда, суръати афзоиш 102,1 фоиз таъмин шудааст.    

Дар ин давра суръати афзоиши намудҳои асосии маҳсулот таъмин гардида, ба миқдори 349,6 ҳазор тонна орд, 4 968, 7 тонна равғани растанӣ, 34 114, 6 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 31 миллиону 954 ҳазору 200 қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 16 миллиону 768 ҳазору 800 декалитр нӯшокиҳои беспирт истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиши истеҳсоли орд 122,8 фоиз, равғани растанӣ 142,4 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 102,1 фоиз, консерваҳо 90,8 фоиз ва нӯшокиҳои беспирт 114,0 фоизро ташкил медиҳад. 

Дар давраи ҳисоботӣ 1 301 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 39 корхонаи хизматрасонии саноатӣ ва 1 262 корхонаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми 9 моҳи соли 2025 дар миқёси вилоят 127 корхонаву коргоҳи нав бо 1 077 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.