Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Хуҷанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" аз як қатор корхонаҳои саноатӣ боздид ба амал овард.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Азияполитекс», иттилоъ дода шуд, ки дар ин корхона панҷ хати муосири технологӣ, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Туркия ворид шудаанд, бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ васлу насб гардидаанд. 

Дар корхона халтаҳои полипропилении калонҳаҷм бо ғунҷоиши аз 500 килограмм то 3 тонна истеҳсол мешаванд, ки барои интиқоли ангишт, семент, ғалладона ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шудаанд.

Маҳсулоти истеҳсолии корхона сифати баланд дошта, на танҳо бозори дохилии кишварро таъмин мекунад, балки ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Федератсияи Русия, Қазоқистон ва Беларус содирот мешавад. Танҳо дар се моҳи аввали соли равон 200 ҳазор халта истеҳсол гардидааст. 

Раиси вилоят зимни боздид ба роҳбарияти корхона ҷиҳати афзоиши музди меҳнат ва истифодаи самараноки иқтидори истеҳсолӣ тавсияҳои муфид пешниҳод намуд.

Ҳамчунин Раиси вилоят бо фаъолияти ҶДММ “Донаи Алмос” шинос шуд. Ин корхона ба коркард ва банду басти меваҳои шаҳдбор машғул буда, содироти маҳсулотро ба кишварҳои наздик ва дур, аз ҷумла Туркия, Германия, Озарбойҷон, Ироқ, Русия, Қазоқистон, Узбекистон ва Афғонистон ба роҳ мондааст.

Ба иттилои масъулин дар соли ҷорӣ 534 тонна маҳсулоти коркардшуда ба хориҷи кишвар содирот гардидааст. 

Раиси вилоят аз саҳми соҳибкори маҳаллӣ — Озодамоҳ Қулова дар рушди соҳаи саноат ва содироти маҳсулот, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ ёдовар шуда, фаъолияти ӯро назаррас арзёбӣ кард.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар дар вилояти Суғд пайваста барои ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак ва афзоиши нишондиҳандаҳои саноатӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешавад. 

Дар натиҷа, сол ба сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфта, садҳо ҷойи нави корӣ таъсис меёбад. Соҳибкорон низ дар посух ба ғамхориҳои давлат ва Ҳукумат дар рушди соҳаи саноат саҳм мегузоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд