Суғд: Ба маблағи 8,4 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид

Дар се моҳи соли 2025 дар вилояти Суғд ба маблағи 8,4 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 133,3 фоиз таъмин гардид.

Дар ин давра суръати афзоиши намудҳои асосии маҳсулот таъмин гардида, ба миқдори 108,7 ҳазор тонна орд, 2,3 ҳазор тонна равғани растанӣ, 12,2 ҳазор тонна нон ва маҳсулоти нонӣ истеҳсол карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиши истеҳсоли орд 120 фоиз, равғани растанӣ 134 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 100,5 фоиз таъмин гардидааст. 

Дар моҳҳои январ-марти соли 2025 ба миқдори 288,7 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш 127,6 фоизро ташкил додааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 1242 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 38 корхонаи хизматрасонии саноатӣ ва 1204 корхонаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст.

Давоми се моҳи соли ҷорӣ дар миқёси вилоят 37 корхонаи нав бо 229 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намудааст.   

Дар моҳҳои январ-марти соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1 корхонаи дўзандагӣ бо 37 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Дар корхонаю коргоҳҳои дӯзандагии вилоят дар ин давра ба маблағи 53,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Илова бар ин ба маблағи 1,9 млн. сомонӣ либоси бачагона дӯхта шудааст. Ҳамзамон, дар ин давра 31 ҳазору 234 адад либоси мактабӣ ба маблағи 1,8 млн. сомонӣ дӯхта шудааст.  

Дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ истеҳсоли пойафзол ба 55,5 ҳазор ҷуфт баробар шудааст. 

Шумораи корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ ба 6 адад расида, дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ дар ин корхонаҳо ба маблағи 283,9 ҳазор сомонӣ 432,6 ҳазор дона маҳсулоти доруворӣ истеҳсол карда шудааст.