Давоми 11 моҳи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба маблағи 26 млрд. 517,4 миллион сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 115,5 фоиз таъмин гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона карда шуд. Дар ин давра ба миқдори 384,4 ҳазор тонна орд, 4621 тонна равғани растанӣ, 6470,5 тонна маҳсулоти макаронӣ, 46791,2 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 47250,6 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 17145,2 ҳазор декалитр нӯшокиҳои беспирт истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиши истеҳсоли орд 142 фоиз, равғани растанӣ 101,1 фоиз, маҳсулоти макаронӣ 100,7 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 110,1 фоиз, консерваҳо 131,8 фоиз ва нӯшокиҳои беспирт 127,2 фоиз аст.
Дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 1847,1 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиш 133,8 фоиз мебошад.