Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-ноябри соли 2024 ба 2 млрд. 910,8 миллион доллари ИМА расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 116,3 фоиз таъмин гардид.
Ҳаҷми воридот 2045,0 миллион доллар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 206 миллион доллар ё 11,2 фоиз афзудааст.
Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра ба 865,8 миллион доллар расонида шуда, суръати афзоиш 130,5 фоиз таъмин гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 202,4 миллион доллар зиёд мебошад.