Шиносоӣ бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

19 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ бо сохтмони корхонаи истеҳсоли хишти ҶДММ "Ҷаъфар-2014" ва коргоҳи забҳи парандаи ҶДММ "Ҷумъабой Мирзо" шинос гардид.

Корхонаҳои саноатӣ дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани онҳо даҳҳо нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи истеҳсоли хишт он метавонад 70 нафарро бо ҷойи корӣ таъмин созад.

Дар коргоҳи забҳи паранда бошад дар то 15 нафар бо кор ва маош таъмин хоҳанд шуд.

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз ҳадафи стратегӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар ба соҳибкорони ватандӯст супориш дод, ки иншоотро бо сифати баланд омода намоянд. Таъкид гардид, ки ташкили ҷойҳои нави корӣ имкон медиҳад, ки сокинони ноҳия соҳиби ҷойи корӣ шуда, сатҳи зиндагии худро беҳтар намоянд. Ба соҳибкорон тавсия дода шуд, ки минбаъд низ чунин иқдомҳои бунёдкоронаро амалӣ намуда, дар пешрафти ноҳия саҳмгузор бошанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд