Шиносоӣ бо сохтмон ва муҷаҳҳазсозии корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Спитамен

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар дар ноҳияи Спитамен бунёди корхонаҳои саноатӣ бо маром ҷараён дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди худ аз ноҳияи мазкур рафти бунёд ва васлу насби таҷҳизотро дар корхонаҳои навтаъсиси "Шири Спитамен" ва коргоҳи истеҳсоли сачоқ ва халати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «25-солагии Истиқлолият» мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Боиси зикр аст, ки корхонаи коркарди шир аз ҷониби ҶСП "Комбинати шири Душанбе " сохта шуда,  маблағи умумии сармоявӣ 7,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур коркарди 20 тонна шир дар як баст,  аз ҷумла 1 тонна шири хушк дар як шабонарӯз ба ҳисоб меравад.

Коргоҳи истеҳсоли сачоқ ва халат бошад аз ҷониби ҶДММ "Органик-Ян"  таъсис ёфта, дар марҳилаи аввал дар он то 150 нафар соҳиби ҷойи кор мегарданд. Таҷҳизоти истеҳсолии коргоҳ аз Туркия ва Корея ворид карда шуда, аз нахи пахтаи дар корхонаи "Органик-Ян" истеҳсолшаванда маҳсулоти таёр омода ва ба бозори дохилӣ ва хориҷӣ бароварда хоҳад шуд.

Раиси вилоят барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ба масъулин тавсияҳо дода, таъкид кард, ки иншооти ҷашнӣ дар муҳлати пешбинишуда бояд омода карда шавад.

Сипас, роҳбари вилоят бо вазъи омодагии корхонаҳои коркарди пахта, аз ҷумла ҶСП "Деҳқон" ва ҶДММ "25-солагии Истиқлолият " шинос шуда, барои пурра ба мавсими нав омода намудани корхонаҳои коркарди пахта супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд