Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода фаъолияти ҶДММ «Атласи Хуҷанд»-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Дар ин корхона 32 адад дастгоҳи худкори матоъбофӣ насб гардида, бо истифода аз он тавлиди атласу адрас, ки имрӯз талабот ба ин ду навъи матои миллии мардуми тоҷик ҳам дар дохил ва ҳам дар бозори минтақа бештар мебошад, васеъ ба роҳ монда шудааст. Бо назардошти фармоишоти дохилӣ корхона метавонад ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро тақвият бахшад.
Дар корхонаи мазкур беш аз 100 нафар машғули кор буда, зиёда аз 60 намуди атлас ва 30 намуди адрас истеҳсол мешавад, ки аз нигоҳи сифат ва тарҳ ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ мебошанд.
Дар корхонаи «Атласи Хуҷанд» давоми моҳҳои январ-апрели соли равон ба маблағи 340 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.
Раиси вилоят ба роҳбарияти ҷамъият дастур дод, ки бо ворид намудани технологияи муосир майдони истеҳсолии корхонаро самаранок истифода барад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд