Дар се моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 6 млрд.84 млн. сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо нархҳои амалкунанда 106 фоиз таъмин гардид.
Дар ин давра суръати афзоиши намудҳои асосии маҳсулот таъмин гардида, ба миқдори 91 ҳазору 202 тонна орд, 1745 тонна равғани растанӣ, 12 ҳазору 149 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 3 млн. 323 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 3 млн. 557 ҳазор декалитр нӯшокиҳои беспирт ва 3 млн. 348 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои меваю сабзавот истеҳсол карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиши истеҳсоли орд 122 фоиз, равғани растанӣ 103 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 140 фоиз, консерваҳо 2 баробар, нӯшокиҳои беспирт 1,6 баробар ва консерваҳои меваю сабзавот 2 баробар таъмин гардидааст.
Дар моҳҳои январ-марти соли 2024 ба миқдори 303 ҳазор тонна семент ва 226 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шудааст.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ба истифода додани 140 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2 ҳазору 800 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми се моҳи соли 2024 дар миқёси вилоят 39 корхонаву коргоҳи нав бо 246 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд. Корхонаҳои навтаъсис асосан корхонаҳои соҳаи саноати истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хўрокворӣ ва сабукро дар бар гирифта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд.
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ва соҳибкорону ҷомеаҳои меҳнатӣ ҷиҳати бунёди корхонаю коргоҳҳои дўзандагии либоси миллию мактабӣ, пойафзолдӯзӣ, қолинбофӣ, истеҳсоли доруворӣ ва истеҳсоли гӯшти паранда тадбирҳои судманд андешида шуда истодаанд.
Дар моҳҳои январ-марти соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 3 коргоҳи дўзандагӣ бо 27 ҷойи нави корӣ ва 1 корхонаи истеҳсоли пойафзол бо 46 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.
Дар корхонаю коргоҳҳои дӯзандагии вилоят дар ин давра ба маблағи 59 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Ҳамзамон, дар ин давра 31 ҳазору 20 адад либоси мактабӣ ба маблағи 1 млн. 765 ҳазор сомонӣ дӯхта шудааст.
Дар вилоят 12 корхонаи пойафзолдӯзӣ фаъолиятро ба роҳ монда, дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ истеҳсоли пойафзол ба 61 ҳазор ҷуфт баробар шудааст.