20 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо фаъолияти филиали коргоҳи фурӯши ангишти ҶДММ «Қудрат-2010» шинос гардид.
Дар вилояти Суғд ба масъалаи истеҳсол ва содироти ангишт таваҷҷуҳи зарурӣ равона шуда, дар нуҳ моҳи соли равон 1 миллиону 107,9 тонна ангишт истеҳсол шудааст. Масъулини ҶДММ «Қудрат-2010» азм доранд, ки ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳаҷми содироти ангиштро бештар намоянд. Тавре зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ширкат якҷо бо ҶДММ "Занҷираи осиёии таҳвил" дар як моҳ то 10 ҳазор тонна ангиштро содирот менамояд ва тибқи шартнома ҳаҷми умумии он беш аз 500 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Ангишт аз кони ангишти "Қудрат-2010" аз Куҳистони Мастчоҳ тавассути беш аз 50 нақлиёти калонҳаҷми боркашон оварда шуда, ба воситаи вагонҳои роҳи оҳан аз истгоҳи роҳи оҳани Спитамен ба кишвари ҳамсоя интиқол меёбад.
Раиси вилоят ба масъулини соҳа дастур дод, ки аз зарфиятҳои мавҷудаи соҳаи саноати ангишт самаранок истифода намоянд.
Масъулин ва роҳбарияти истгоҳи роҳи оҳан таъкид карданд, ки бо мақсади дастгирии соҳибкорону ширкатҳои интиқолдиҳанда аз ҷониби КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон тахфиф пешбинӣ шудааст ва дар самти зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот аз имконоти мавҷуда самаранок истифода карда мешавад.
Ангишт аз маводи сӯхт ба шумор рафта, талабот ба он зиёд аст. Дар баробари соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ фаъолояти корхонаҳои азими саноатӣ ва марказҳои гармидиҳӣ бо ангишт ба роҳ монда шуда, аз лиҳози камхарҷӣ манфиатбахш дониста мешавад. Аз ин хотир ба ангишт ҳамчун сӯзишвории алтернативӣ руз аз руз талабот бештар мегардад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд