Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи истеҳсолии "Арча-мебел"

17 октябр​ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бо фаъолияти​ корхонаи истеҳсолии "Арча-мебел" шинос гардид.

Тавре зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, бо мақсади таъмини​ иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд намудани ҳаҷми

истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот, инчунин таъмини талаботи бозор​ бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад. Бо ташаббуси роҳбарияти корхона​ ​ хати нав истеҳсолӣ ташкил гардида,​ номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда зиёд хоҳад шуд.​ Бо фаъол гардидани хати нав истеҳсоли 50 навъи мебел ба роҳ монда шуда, мебели дар ин корхона истеҳсолшаванда мустаҳкаму устувор ва аз ҷиҳати экологӣ безарар мебошад.

Дар айни замон ширкат илова бар таъмини бозори дохилӣ​ дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва шаҳри Москваи Федератсияи Россия низ нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти худро ташкил кардааст. Зеро тадриҷан​ ворид шудан ба бозори кишварҳои ҳамсоя ва хориҷи дур яке аз ҳадафҳои масъулини корхона мебошад.

Бояд қайд намуд, ки корхонаи муштараки «Арча-мебел» соли 2018 бо сармояи соҳибкорони тоҷик ва турк таъсис дода шуда, дар он истеҳсоли мебелҳои гуногун ба роҳ монда шуда, имрӯз номгӯи мебелҳои истеҳсолшаванда ба 400 расидааст.

Раиси вилоят ба роҳбарияти корхона ҷиҳати пурра ба итмом расонидани корҳои васлу насби таҷҳизот тавсияҳо дода, ба​ фаъолияти ширкат, ки тавонистааст дар бозори минтақа мавқеъ ёбад, баҳои баланд дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд